Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамае дар Миср 11 маҷористонӣ ҷон доданд


Мақомоти Миср мегӯянд, бар асари садамаи як автобуси мусофирбар, 11 саёҳи маҷористонӣ кушта ва 27 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гузориши хабаргузории расмии МЕНА-и Миср фоҷиа шоми якшанбе дар Ҳургада осоишгоҳе дар соҳили Баҳри Сурх ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба гузоришҳо, омили садама суръати беш аз ҳад баланди автобус будааст, ки мусофиронро аз меҳмонхона ба фурудгоҳ мебурд. Мақомоти Миср масъалаи интиқоли аҷсоди саёҳони бетолеъ ба Маҷористонро баррасӣ доштаанд.
XS
SM
MD
LG