Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти шӯрои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай


Имрӯз нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Санкт Петербурги Русия гирди ҳам меоянд. Дар ҳошияи ин нишаст, ҳамчунин Владимир Путин, нахуствазири Русия бо Вен Ҷибао, ҳамтои чинии худ ва Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки 10 сол пеш таъсис шуд, Тоҷикистону Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбакистону Русия шомиланд ва ҳадафи онҳо ҳамкориҳо дар заминаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ аст. Ҳинду Эрон, Муғулистону Покистон, мақоми нозирро доранд ва дар талоши пайвастан ба ин созмон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG