Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созиш барои таъсиси ҳукумати нав дар Юнони дармонда


Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон ва Антонис Самарас, раҳбари мухолифин сари таъсиси ҳукумати нави муваққатӣ дар кишвар ба созиш расидаанд. Музокироти сеҷониба бо ҳузури раиси ҷумҳури Юнон барои таъсиси ҳукумати муваққатӣ шаби якшанбе сурат гирифт. Дар баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Юнон гуфта мешавад, тарафҳо рӯзи душанбе доир ба раҳбари нави ҳукумат гуфтӯгу хоҳанд кард, аммо нахуствазир Ҷорҷ Папандреу гуфтааст, ки ҳукумати навро раҳбарӣ нахоҳад кард. Хотимаи бунбаст ва бӯҳрони сиёсӣ дар Юнон, ин кишварро аз хатари варшикастагии фалокатбор ва ихроҷи баъдӣ аз Иттиҳодияи Аврупо эмин дошт.
XS
SM
MD
LG