Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Фиристодаи боломақоми СММ барои Либия ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, амнияти баъзе аз амборҳои аслиҳаву муҳимот дар Либия то ҳол комилан таъмин нашудааст ва баъзе аз онҳо ба ғорат рафтааст. Ян Мартин гуфтааст, ҷилавгирӣ аз ғорати бештари ин аслиҳа ва интиқоли он ба хориҷ бо назардошти марзҳои биёбонии ин кишвар душвор аст. Мартин гуфт, аслиҳаи бидуни муроқибат “мояи ҷиддии нигаронӣ мебошад”. Дар ин амборҳо мушакҳои пиёданизом, минаҳо ва муҳимоту таҷҳизоти дигар вуҷуд дорад. Вай аз аслиҳаи кимёвӣ ва маводи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Ҳафтае пеш мақомоти расмии Либия гуфтанд, ки онҳо ду амбори аслиҳаи кимёвиро кашф кардаанд, ки дар феҳристи амборҳои режими пешин оварда нашудаанд. Мақомоти Либия ҳамчунин гуфтаанд, ки онҳо 7 000 зарфи вижаи дорои уран пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG