Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти раҳбарони сисёсии Юнон шиддат мегирад


Антонис Самарас бо аъзои ҳизби худ
Антонис Самарас бо аъзои ҳизби худ
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе раҳбарони сисёсии Юнон паси дарҳои баста машғули музокирот буданд. Онҳо зери фишори бӯҳрони қарз роҳҳои наҷот аз муфлисшавиро баррасӣ мекунанд. Олий Реҳн-кумиссари иқтисодӣ ва умури молии Иттиҳодияи Авурупо рӯзи якшанбе гуфт, ба Юнон зарур аст, ки як ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил диҳад ва тадобири шадиди молиро пеш барад, то дар қаламрави истифодаи пули евро боқӣ бимонад. Ҷеорҷ Папандреу розӣ шуд, ки дар сурати зарурат барои расидан ба тавофуқ ва барои ташкили ҳукумати эътилофӣ метавонад аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад. Вай афзуд, дар чунин ҳолат эътилоф метавонад чанд моҳ кишварро раҳбарӣ кунад. Аммо Антонис Самарас-раҳбари ҳизби аслии мухолифон бо номи Ҳизби Нави Демократӣ истеъфои билофосилаи Папандреу ва баргузории интихоботи зудрасро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG