Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи инфиҷорҳо дар Ироқ ва қурбониҳои онҳо


Се инфиҷор бозори пуродами Бағдод-пойтахти Ироқро такон додааст. Полис ва кормандони шифохонаҳо мегӯянд, ки дар ин инфиҷор шумораи зиёди одамон кушта шудаанд. Инфиҷор дар маркази тиҷоратии шаҳр дар Шурҷа рух додааст. Бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ, дар ин ҳодиса 10 нафар ҷон бохтаанд. Ҳамзамон дар шаҳраки Тоҷӣ дар 20 километрии шимоли Бағдод дар назди манзили Ёсин Исо Довуд-раҳбари маҳаллии ҷонибдори ҳукумат чаҳор бам мунфаҷир шудааст. Ёсин бар зидди шӯришиён мубориза мекунад. Дар ин инфиҷорҳо чаҳор нафар кушта шудаанд, ки зану бародари Ёсин низ дар миёни онҳо ҳастанд.
XS
SM
MD
LG