Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз баъд аз нисфирӯзӣ дар шаҳри Кӯлоб як мошини ҳомили гази моеъ, ки муттаалиқ ба ширкати "Кӯлобнафтрасон" буд, таркид. Хабарнигори "Озодӣ" дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳоло кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва оташнишонӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ин қазияро таҳқиқ мекунанд. Дар натиҷаи таркиш мошини ҳомили газ сӯхта ва як мошини дигар зарар дидааст. Вале ягон нафар дар ин ҳодиса кушта ё осеб надидааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир нархи бензини навъи 92 ба ҳафтуним сомонӣ расидааст. Илова ба ин, пайдо кардани бензин дар нуқтаҳои бензинфурӯшии Кӯлоб низ мушкил гардидааст. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, талаботи ронандаҳо барои истифода аз гази моеъ афзудааст, ки қиматаш дар баробари бензин арзонтар аст.
XS
SM
MD
LG