Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо ҳазор нафар дар Маскав Иди Қурбонро баргузор карданд


Дар Маскав даҳҳо ҳазор нафар мусулмонон, ки дар миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд, Иди Қурбонро ҷашн гирифтанд. Бино ба гуфтаи полис, 170 000 нафар дар маросимҳои ин ид ширкат кардаанд. Беш аз 80 000 нафар дар атрофи сохтмони масҷиди ҷомеи Маскав гирдиҳам омадаанд. Ин масҷид, ки бинои садсолае буд, моҳи сентябр тахриб шуд ва ҳоло дар паҳлӯи он сохтмони масҷиди нав идома дорад. Шумораи тақрибии мусулмононе, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунанд, аз 2 то 5 миллион тахмин зада мешавад, вале шумораи масҷидҳо дар ин шаҳр хеле ночиз аст. Аксари ононе, ки сарфи назар аз сармои Маскав ба намоз баромаданд, муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG