Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент иҷрои Қонуни Асосиро тақозо кард


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишварашро ба муносибати 17-умин солгарди қабули Қонуни Асосӣ табрик кард. Вай гуфт, «Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар ва муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад”. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки «маҳз Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо кафолат медиҳад.” Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки ба Қонуни асосии кишвар ба талаботу меъёрҳои он эҳтиром гузоранд ва онро риоят кунанд. Қонуни Асосии Тоҷикистон дар соли 1994 замоне, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт, дарт як раъйпурсӣ қабул карда шуд. Сипас дар солҳои 1999 ва дар соли 2003 ба он ислоҳот ва тағйирот ворид карданд. Бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 6 ноябр ба унвони санаи қабули Қонуни Асосӣ таътил эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG