Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Иди Қурбон ва Рӯзи Қонунро ҷашн мегирад


Имрӯз ҷаҳони ислом Иди Қурбон ё Ид ал Азҳоро ҷашн мегирад. Миллионҳо нафар зоирин дар Маккаи мукаррама баъд аз задани санг ба шайтони рамзӣ акунун ин рӯзро ид мекунанд. Аз Тоҷикистон имсол ҳудуди 5,5 ҳазор дар маросими ҳаҷ ширкат ҷустанд. Дар муқоиса бо солҳои Шӯравӣ, Иди Қурбон дар Тоҷикистон як рӯз таътили расмӣ эълон шудааст. Чун имсол иди Қурбон ва Рӯзи Қонуни Асосӣ ба рӯзи якшанбе мусодиф омад, ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои душанбе ва сешанберо барои талофии рӯзҳои ид таътил эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG