Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз тавофуқоти Русияву Гурҷистон истиқбол кард


Амрико аз тавофуқоти Русияву Гурҷистон дар бораи назорат бар тиҷорат ва ҳамвор кардани роҳ барои узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат истиқбол кард. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Амрико аз эълони тавофуқот дар ин бора, ки ҳукуматҳои Русияву Гурҷистон бар тиҷорати байни кишварҳояшон назорат мебаранд, истиқбол мекунад. Ин тавофуқот бо миёнҷигарии Шветсария ба даст омад ва тибқи он тиҷорати фаромарзии Гурҷистон бо Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи нозирони байналмиллалӣ назорат мешавад. Ин ду кишвари ҷудоихоҳ аз сӯи Русия ҷонибдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG