Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гузориши IAEA-ро бофта медонад


Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷии Эрон дар тавзеҳоти худ, ки имрӯз ба нашр расидааст, мегӯяд, гузориши Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон бар пояи иддаои “бофта” таҳия шудааст. Қарор аст ин гузориш рӯзи сешанбе ё чаҳоршанбе барои кормандони ин ожонсӣ мунташир шавад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки Эрон ба таври назариявӣ ба иҷоди кулоҳакҳои ҳастаӣ қодир аст ва мушакҳоеро тарроҳӣ мекунад, ки битавонад ин кулоҳакҳои ҳастаиро ҳамл кунанд. Яке аз дипломатҳои ғарбӣ гуфтааст, дар ин гузориш далоили ҳамаҷониба оварда шудааст, ки инкори он барои Эрон кори мушкил хоҳад буд. Шоми рӯзи шанбе Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил ҳушдор дод, ки эҳтимоли ҳамла бештар шудааст, зеро тибқи маълумоти ниҳодҳои кашф, Эрон барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ омода аст.
XS
SM
MD
LG