Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам 6 нафар дар инфиҷори интиҳории Бағлон кушта шуданд


Полиси Афғонистон мегӯяд, дар рӯзи Иди Қурбон дар назди масҷиди шаҳри Бағлон дар як бамгузории интиҳорӣ 6 нафар, аз ҷумла як корманди полис кушта шудаанд. Аммо Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, 7 нафар дар ин ҳодиса кушта шудаанд ва 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Инфиҷор замоне рух додааст, ки мардум баъд аз намози Иди Қурбон масҷидро тарк мекарданд. Асадулло Шерзод-раиси полиси вилояти Бағлон гуфт, бамгузори интиҳорӣ барои ҳамла вориди доираи намозгузорон шудааст.
XS
SM
MD
LG