Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 1994 бо баргузории як ҳамапурсӣ қабул гардид, ки баъдан дар соли 1999 ва дар соли 2003 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Дар ин ду навбати ислоҳот бештар модда ва аслҳои вобаста ба Президент тағйир дода шуданд.

Дар ҳарду навбат ҳам салоҳият ва ихтиёроти президент ва мӯҳлати сари қудрат истодани ӯ афзоиш дода шуд. Бо вуҷуди ин ҳама ислоҳот, ҳанӯз ҳам гуфта мешавад, ки Қонуни асосии Тоҷикистон то ба охир такмил наёфтааст.

Дар нашри нави маҷаллаи сиёсии “Чашмандоз” тасмим гирифтем, ки бурду бохти Қонуни асосӣ ва махсусан боби Президент дар ин санадро баррасӣ бикунем. Ба ин манзур сӯҳбати мизи гирдеро бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир кардем.

Дар ин сӯҳбати мизи гирди мо Мӯсо Асозода, масъули Ҳизби халқӣ-демократӣ, Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва Шӯҳрат Қудратов, ҳуқдудон ва узви фаъоли Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иштирок карданд.

  • Оё дар Қонуни асосии Тоҷикистон салоҳият ва ихтиёроти раисиҷумҳурӣ дуруст муқаррар шудааст?
  • Дар соли 1999 Қонуни асосӣ дар мувофиқа бо оппозитсиюн иваз карда шуд. Оё фикр намекунед, ки барои ин ҳама салоҳияти зиёдро дар ихтиёри раисиҷумҳурӣ гузоштан, мухолифини пешин ҳам нақш доранд?

Суолу посухҳои дигарро бо пахш кардани барномаи “Чашмандоз” бишнавед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG