Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлаҳои Нигерия бештар аз 60 нафар кушта шудааст


Мақомоти расмии Нигерия мегӯянд, дар бамгузориҳо ва тирандозиҳое, ки дар шимоли ин кишвар рух додааст, бештар аз 60 нафар кушта шудаанд ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳамлаҳо аслан дар атрофи Даматуру ва дар маркази аёлати Ёбе анҷом гирифтааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар бомгузориҳо баъзе ҳадафҳо, аз ҷумла калисоҳо ва марказҳои полис омеб дидаанд. Касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифтааст, вале мақомоти расмӣ билофосила як гурӯҳи тундрави исломиро бо номи Боко Ҳарам муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG