Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел: Як даҳсола барои ҳали бӯҳрони молӣ зарур аст


Ангела Меркел

Ангела Меркел

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон мегӯяд, барои ҳали масъалаҳои молӣ ва раҳоӣ аз бӯҳрони қарз барои Аврупо як даҳсола зарур аст. Дар тафсире, ки вай рӯзи шанбе дар сафҳаи интернетии худ ҷой додааст, мегӯяд, ки “ҳали бӯҳрони қарз” роҳест, ки барои убур аз он талоши зиёд зарур аст ва дар ин роҳ мо қадам ба қадам пеш меравем. Ин тафсири хонум Меркел як рӯз баъз аз мулоқоти Ҷӣ 20 ё 20 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар шаҳри Кани Фаронса ба табъ расидааст. Дар ин ҷаласа раҳбарони кишварҳои бузурги санъатӣ ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG