Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи ҷавонон аз идомаи Ҷоми Осиё маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё дар бозии охир бар дастаи Қатар- мизбони мусобиқот бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ин бозӣ шоми 4-уми ноябр дар варзишгоҳи “Qatar Sports Club”-и шаҳри Доҳа бо ҳузури 200 тамошогар баргузор шуд. Ду голи Тоҷикистонро Шавкати Ҳотам дар дақиқаҳои 19-ум ва 49-ум ва голи севвумро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 83-юм ба самар расонданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 6 имтиёз дар зинаи панҷум қарор гирифт, аз роҳхат ба мусобиқоти ниҳоӣ маҳрум шуд. Дастаҳои Урдун ва Қатар, ки бо 10 имтиёзӣ дар гурӯҳи "В" зинаҳои якуму дуввумро соҳиб шуданд, ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG