Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Димишқ аз Амрико барои машварат


Имрӯз Димишқ аз Вошингтон барои машвараташ ба суриягиҳо интиқод кард. Вошигтон ба суриягиҳо машварат додааст, ки агар мақомоти Сурия онҳоро афв кунанд, худро таслими мақомот насозанд. Хабаргузории давлатии SANA-и Сурия гуфт, “давлати Амрико бори дигар мудохилаи пурсару садои худ ба умури дохилии Сурияро оғоз кардааст ва гуфтааст, ки Сурия терроризмро сармоягузорӣ мекунад. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа бар зидди тазоҳуркунандагони Сурия, ки худро таслими президент Башор Асад кардаанд, изҳори ақида кард. Вошингтон аз Асад тақозо дорад, ки аз мақомош истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG