Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нави омӯзиши афкори ҷомеа сабти ном шуд


Раҷаби Мирзо-раҳбари "Бозтоб"
Раҷаби Мирзо-раҳбари "Бозтоб"
Вазорати адлияи Тоҷикистон як созмони нави иҷтимоиро бо номи “Бозтоб” сабти ном кард. Ин созмон бо омӯзиши афкори умум ва ё назарсанҷӣ машғул хоҳад буд. Ин марказ бо кӯшиши Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ташкил шудааст. Вай дар бораи созмони худ ба радиои Озодӣ гуфт:

“Ҳукумат, созмонҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҳамаи аъзои ҷомеа талош мекунанд бифаҳманд ва дар атрофи хостаҳои мардум фаъолиятҳои худро ба роҳ монанд. Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Бозтоб” низ бо ҳамин ният таъсис ёфтааст”.

Назари шуморе аз таҳлилгарони тоҷик ин аст, ки чунин марказҳо аз лиҳози молӣ пойбанди фармоишгари назархоҳиҳо мебошанд, вале шуморе дигар ҳам ин гуфтаҳоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG