Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир таркиби кобинаи эътилофиро баррасӣ мекунад


Нахуствазир Ҷеорҷ Папандреу
Нахуствазир Ҷеорҷ Папандреу
Интизор меравад, ки Ҷеорҷ Папандреу-нахуствазири Юнон барои баррасии таркиби кобинаи нави эътилофи изтирорӣ бо раиси ҷумҳур мулоқот ва дар он дар бораи мувофиқатномаи қарзи байналмиллалӣ гуфтугӯ кунад. Баъд аз пеш омдани бӯҳрони қарзи Юнон акнун бори дигар ҷаҳонро бӯҳрони молӣ таҳдид мекунад. Нахуствазир бо президент Каралос Папоулиас дар ҳоле мулоқот мекунад, ки субҳи имрӯз нахустваазир бо мушкилӣ дар порламони кишвараш райи эътимод ба даст овард. Барномаҳои Папандреу дар робита бо рафъи бӯҳрон норизоятии намояндагони пораламонро барангехт ва онҳо масъалаи райи эътимод ба нахуствазир ва кобинаи вайро дар порламон матраҳ карданд. Кобинаи Папандреу аз 300 намояндаи порламон райи 153 нафарро ба даст овард. Баъд аз райи эътимод нахуствазир дархост кард, ки кобинаи эътилофӣ ташкил шавад, то 130 миллиард қарзи байналмиллалиро ба тасвиб расонад, то Юнон муфлис нашавад.
XS
SM
MD
LG