Пайвандҳои дастрасӣ

7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати фарҳанги ин кишвар ба матбуот хабар додааст. Дар остонаи ин ҷашни ҳирфаӣ дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Поёни шаби сиёҳ сафед аст” дар таҳияи коргардон ва ҳунарманд Мирзоватан Миров ба намоиш медарояд. Баъд аз хатми намоишнома бо ширкати вазири фарҳанги Тоҷикистон маросими расмии таҷлил аз Рӯзи театр оғоз мешавад ва дар он ба ҳунармандон ҷоизаҳои молӣ ва ифтихорӣ тақдим мегардад.
XS
SM
MD
LG