Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Фаронса ба Эрон


Раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки агар мавҷудияти Исроил мавриди таҳдид қарор бигирад, кишвараш даст рӯи даст нахоҳад гузошт.

Никола Саркозӣ гуфт: «Рафтори Эрон ва алоқаи он барои дастёбӣ ба тавоноии низомии атомӣ, нақзи ҳама қавонони байналмилалӣ аст ва Фаронса бо қотеияти беэътиноӣ ба ин қавонинро маҳкум мекунад.»

Ҳангоме, ки хабарнигорон аз Саркозӣ дар бораи гузоришҳои мунташиршуда дар мавриди ҳамлаи эҳтимолӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон пурсиданд, вай гуфт «аҷала накунед».

Раиси ҷумҳури Фаронса изҳор дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беҳтар аст бар рӯи таҳримҳо биандешад. Вай бо ин ҳол гуфт: "Агар мавҷудияти Исроил мавриди таҳиди қарор бигирад, Фаронса даст рӯи даст нахоҳад гузошт."

Гузоришҳои мунташиршуда аз он ҳикоят мекунад, ки нахусвазири Исроил талош мекунад то кобинаашро барои ҳамла ба Эрон қонеъ кунад.

Аз сӯи дигар рӯзи панҷшанбе бо вуҷуди он, ки дабири кулли НАТО ҳозир нашуд дар бораи размоиши низомии ҳафтаи гузаштаи Исроил дар пойгоҳи мутааллиқ ба НАТО дар Италия изҳори назар кунад, сухангӯи вазорати дифои Италия ин гузоришро каме баъд таъйид кард.

Сухангӯи вазорати дифои Италия бидуни зикри ҷузъиёт таъкид кард, ки Исроил ва кишварҳои дигар дар ин кишвар размоиши муштарак доштаанд. Бар пояи гузоришҳо, дар ин размоиш, ки бо ширкати ҷангандаҳои ҳавоӣ баргузор шуд, рӯи системаҳои ҳушдордиҳанда ва сӯхтгирии ҳавоӣ тамаркуз шуда буд.

Аз сӯи дигар рӯзи панҷшанбе Барак Обама - ҳамтои амрикоии Никола Саркозӣ бар иттифоқи назари ду раиси ҷумҳур дар бораи танг кардани арса бар Эрон таъкид кард.Ҷаноби Обама, ки барои ширкат дар нишасти «Гурӯҳи 29» ба шаҳри Канн сафар намудааст, аз барномаи ҳастаии Эрон ба унвони «таҳдиди идомадор» ёд кардааст.

Рӯзномаи «Гордиян» рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз мақомҳои бритониёӣ гузориш дод, ки артиши ин кишвар тарҳҳои ҳамла ба Эронро таҳия мекунад. Ба навиштаи ин рӯзнома, Британия худро барои дархости эҳтимолии Амрико ҷиҳати амалиёти муштарак алайҳи Эрон омода мекунад.

Пас аз он, ки Туркия мувофиқати худро бо насби родорҳои ҳушдордиҳандаи НАТО дар хоки худ эълом кард, мақомҳои эронӣ ба он вокуниш нишон доданд. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ба қотеият дар ин маврид гуфт: «Ин сомона нигаронии ҷумҳурии исломии Эрон ва бисёре аз кишварҳои ҳамҷаворро ба вуҷуд овардааст. Мо эҷоди чунин сомонаро дар шароити феълӣ, ки минтақа шоҳиди таҳаввулот аст, зарурӣ намебинем.»

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон низ дар ин маврид гуфта буд, ки ҳадафи ин сомонаи ҳушдордиҳанда, муҳофизат аз Исроил дар муқобили ҳамлаҳои Эрон аст.

Маркази пажӯҳишҳои маҷлиси Эрон дар гузорише аз сомонаи мушакии НАТО ба унвони «таҳдиде ҷидди барои ҷумҳурии Исломии Эрон» ёд кард.

Паймони НАТО пас аз қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Либия, режими Муаммар Қаззофиро суқут дод ва ба амалиёти худ дар ин кишвар пас аз қатли Муаммар Қаззофӣ поён дод.
XS
SM
MD
LG