Пайвандҳои дастрасӣ

Д.Миятович хостори ҳазви муҷозот барои тӯҳмат аз Кодекси ҷиноӣ шуд


Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури матбуот мегӯяд, ки дар мулоқоташ бо мақомоти Тоҷикистон аз онҳо хостааст, то банди муҷозот барои тӯҳматро аз Кодески ҷиноятии ин кишвар ҳазф кунанд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар паи ду рӯзи боздидаш аз Тоҷикистон Миятович гуфт:

«Ман аз мақомоти ҳукумат ҳамчунин дархост намудам, ки муҷозоти ҷиноӣ барои тӯҳматро лағв кунад. Ин хеле муҳим аст. Ва албатта намояндагони ҳукумат ба ман итминон доданд, ки роҷеъ ба ин масъала бо ман ҳамкорӣ мекунанд».

Дуня Миятович, ки аз рӯзи панҷшанбе инҷониб дар Душанбе ба сар мебард, бо намояндагони матбуоти мустақил, созмонҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти Тоҷикистон дидору мулоқот карда нигаронии худро дар робита бо вазъи озодии баён дар кишвар, муҳокимаҳои додгоҳии журналистони ББС ва нашрияи «Нури зиндагӣ» Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоилов изҳор кардааст.
XS
SM
MD
LG