Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маросими имсолаи Ҳаҷ 2,5 миллион нафар иштирок мекунанд


Масҷиди ҷомеи Ҳарам Шариф дар Макка маҳалли адои намози нахустини зоирон рӯзи 4 ноябри соли 2011 буд

Масҷиди ҷомеи Ҳарам Шариф дар Макка маҳалли адои намози нахустини зоирон рӯзи 4 ноябри соли 2011 буд

Мусалмонони ҷаҳон ба адои маросими Ҳаҷ шурӯъ карданд. Мақомоти Саъудия гуфтанд, ки дар маросими шашрӯза интизор меравад то 2,5 миллион нафар иштирок кунанд. Маросимҳои аслӣ дар шаҳри муқаддаси Макка, зодгоҳи Муҳаммад-пайғамбар ҷараён мегиранд. Аз Тоҷикистон дар ин маросим панҷу ним ҳазор зоир ширкат мекунанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Иди Қурбон, ба зарурати тарбияи насли ҷавон таъкид кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфтааст, пешрафти ҷомеа, тараққӣ ва шукуфоии миллат ба тарбияи солим ва таълими дуруст вобаста аст. Вай гуфт, ки «Саҳифаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд: милатҳое, ки фаъолиятҳои камназир, диловариҳои бемисол ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ҷаҳониён ба ёдгор гузоштанд, масъулияти ҷиддии тарбияи насли наврасро ба дӯш гирифта буданд. Онҳо медонистанд, ки тарбияи солим ва таълими дурусти насли наврас минбаъд боиси ифтихори аҷдодон хоҳад шуд». Ҷаноби Раҳмон, хитоб ба онҳое, ки дар тарбияи ҷавонон масъулият доранд гуфтааст, ки яке аз рисолатҳои муқаддаси онҳо, тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ мебошад. Дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи шашуми ноябр Иди Қурбон таҷлил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG