Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби Отамбоев тарафдоронашро ба хатми эътирозҳои баъдиинтихоботӣ даъват кард


Номзади мағлубшудаи интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев рӯзи ҷумъа эълон кард, ки ӯву тарафдоронаш даст аз эътироз мебардоранд. Дар хабари бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфта мешавад, ки раиси ҳизби Ота-Журт , ки бо 14,33 дар сади овозҳо дар интихобот мақоми сеюмро касб кардааст, аз тарафдоронаш даъват намуд, ки эътирозҳоро хотима диҳанд.

Бо пахши изҳороте ӯ гуфт, “ҳарчанд кишвари мо аввалин бор шонси баргузории интихоботи тозаву одилонаро дошт, чандин ҳодисаи поймолшавии ҳуқуқи раъйдиҳандагон рӯй дод. Ҳазорҳо нафар натавонистанд дар интихобот овоз диҳанд”, гуфт ӯ. “Вале бо ин вуҷуд, - гуфт ӯ, - мехоҳам пеши роҳи ҳама навъи эътирозҳоро бигирам, чунки тарафдори сулҳу эътидол ва якпорчагии миллат ҳастам, ки ин ҳама муҳимтар аз курсии президентӣ аст”.


Рӯзи 1 ноябр Алмосбек Отамбоев, ки дар интихобот пирӯз шуд, аз рақибони интихоботиаш Адахон Мадумаров ва Қамчибек Мадумаров даъват кард, ки ба сафи ҳукумати нави ӯ пайваст шаванд.
XS
SM
MD
LG