Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ як зоири тоҷик даргузаштааст. Дар ин бора сомонаи интернетии "islamnews.tj" аз қавли як масъул дар шӯъбаи умури дини мақомоти иҷроияи вилоти Суғд иттилоъ додааст. Ба қавли ин манбаъ, Аҳмад Бобокалонови 70-сола бар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст. Ин манбаъ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир наздикони Бобокалоновро дар ҷараён гузоштаанд ва қарор аст ҷасади ӯ дар Макка ба хок супурда шавад. Имсол аз вилояти Суғд 1459 нафар ба зиёрати хонаи Худо мусофират намудаанд.
XS
SM
MD
LG