Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз миллатгароҳои Русия “Марши русӣ” барпо мекунанд


Имрӯз қарор аст ҳазорҳо миллатгароҳои Русия дар Маскаву дигар шаҳру манотиқи ин кишвар ба нишони таҷлил аз ба истилоҳ Рӯзи миллии ваҳдат раҳпаймоӣ кунанд. Раҳпаймоии зери унвони “Марши русӣ” шурӯъ аз 4 ноябри соли 2005 ҳар сол баргузор мешавад. Ин навбат ташкилкунандагон ваъдаи ҷалби шумори зиёди тарафдоронро карда бо шиорҳои зиддимусалмонон ва хатми кӯмаки ҳукумат ба минтақаи Қафқоз ба хиёбонҳо мебароянд.
Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Русия, ки 6 сол пеш ҷорӣ шуд, чун ҷойгузини рӯзи таҷлили инқилоби болшевикии соли 1917 дар таърихи 7 ноябр қайд мешавад.
XS
SM
MD
LG