Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуюми нишасти кишварҳои узви гурӯҳи G20


Нишасти кишварҳои узви гурӯҳи бистгонаи давлатҳои пешрафта, мавсум ба G20 имрӯз дар шаҳри бандарии Кани Фаронса идома мекунад. Дар меҳвари баррасиҳо пешниҳоди Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ки ифтитоҳи роҳи нави қарзгириро ба кишварҳои дар ҳолати бади иқтисодӣ қароргирифта дар назар мегирад. Ин нишаст мебоист ба масъалаи ислоҳот дар низоми пулдиҳии умумиҷаҳонӣ тамаркуз мекард, вале дар охирин лаҳза бо масъалаи бӯҳрони қарзии Аврупо ва вазъи Юнон табдил шуд. Раҳбарони Чин, Русия ва ИМА ба авурпоиҳо фишор оварданд, ки тадбирҳои нарми рафъи бӯҳрони қарзиро ҳаллу фасл кунанд. Президент Барак Обама гуфт, ки ҳалли бӯҳрони қарзии Аврупо дар меҳвари нишаст қарор дорад.
XS
SM
MD
LG