Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ҳодисаи ҳуҷум ба сафорати ИМА дар Теҳрон 32 сол гузашт


Имрӯз ҳазорҳо эрониҳо 32 солгарди ғасби сафоратхонаи Амрико дар Теҳронро бо раҳпаймоиву шиорҳои “Марг бар Амрико” таҷлил карданд. 4 ноябри соли 1979, баъди чанд моҳи инқилоби исломӣ дар Эрон, ки бо барканории режими Ризошоҳи Паҳлавӣ анҷомид, донишҷӯёни инқилобӣ ба сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон ҳуҷум карда 52 дипломатро гаравгон гирифтанд ва ба ҳамин тарз 444 рӯз вазъро зери назари худ нигаҳ доштанд. Ин бӯҳрони дарозмуддат боиси қатъ шудани равобити дипломатии Эрон ва ИМА гардид, ки то имрӯз барқарор нашудааст. Моҳҳои охир баъди иттиҳоми даст доштани Эрон дар нақшаи сӯиқасд ба ҷони сафири Саъудӣ дар Вашингтон, равобити миёни ду кишвар боз ҳам печидатар шудааст. Теҳрон иттиҳомоти Кохи Сафедро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG