Пайвандҳои дастрасӣ

Академияи миллии олимпии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон ва мубориза алайҳи нашъамандӣ барномаи вижаро бо кӯмаки молии сафорати ИМА таҳия кардааст.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Саломат Шарифова, корманди масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд:
"Ин лоиҳа ба воситаи пешниҳод намудани фаъолиятҳои алтернативӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои варзишӣ, татбиқ мешавад. Дар доираи барномаи мазкур 150 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи кишвар, шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Варзоб, ҳамчун тарғиботчии фаъол омода мегарданд. Бар асоси ин лоиҳа, инчунин, таъмири толори варзишии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 93-и шаҳри Душанбе дар назар аст."

Ба гуфтаи Саломат Шарифова шарикони барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон , Кумитаи миллии олимпии кишвар, Ташкилоти ҷамъиятии “Хонаи ҷавонон” ва клуби варзишии “Испечак” мебошанд.
XS
SM
MD
LG