Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қасди ҳамла ба Эронро надорем"


Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО
Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО

Дар пайи интишори гузоришҳо дар мавриди эҳтимоли ҳамла ба Эрон, НАТО гуфт, ки қасди мудохила дар Эронро надорад.

Ба тозагӣ гузоришҳое мунташир шудааст, ки аз талошҳои Бенёмин Нетаняҳӯ, нахуствазири Исроил, барои қонеъ кардани кобинааш барои ҳамла ба Эрон ҳикоят мекунад.

Дар канори ин ахбор ва гумонзаниҳо, Исроил бо муваффақият мушакеро озмоиш кардааст, ки гуфта мешавад қобилияти ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ дорад ва метавонад Эронро ҳадаф қарор диҳад.

Аз сӯи дигар рӯзномаи «Гордиян» рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз мақомҳои бритониёӣ гузориш дод, ки артиши ин кишвар тарҳҳои ҳамла ба Эронро таҳия мекунад. Ба навиштаи ин рӯзнома, Британия худро барои дархости эҳтимолии Амрико ҷиҳати амалиёти муштарак алайҳи Эрон омода мекунад.

Акнун Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли НАТО мегӯяд, ки ин созмон аз талошҳои дипломатӣ барои ҳалли муноқишаи Эрон пуштибонӣ мекунад. Дабири кулли паймони низомии НАТО гуфт: «Бигузоред бар ин мавзӯъ таъкид кунам, ки НАТО ба ҳеҷ унвон қасди мудохила дар Эронро надорад ва НАТО ба унвони як паймони дифоӣ дахолате дар масъалаи Эрон надорад.»

Бо ин ҳол оқои Рассмусен аз ҳар гуна изҳори назар дар бораи гузоришҳои мунташиршуда дар бораи машқҳои низомии нерӯҳои ҳавоии Исроил дар ҳафтаи гузашта дар як пойгоҳи низомии НАТО дар Италия худдорӣ кард.
НАТО дорои ҳамкориҳои наздик бо Исроил аст ва шуморе аз он аз муттаҳидони стратегии ин кишвар ҳастанд.

Рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи Кохи Сафед дар гуфтугӯ бо хабарнигорон аз изҳори назар дар бораи талошҳои нахуствазир ва вазири дифои Исроил барои ҷалби таваҷҷуҳ дар мавриди ҳамлаи якҷониба ба Эрон сар боз зад ва гуфт, ки ба «ин навъ гумонзаниҳо» посух намедиҳад. Сухангӯи Кохи Сафед дар айни ҳол бар расидан ба як роҳи ҳалли дипломатӣ дар мавриди муноқишаи ҳастаии Эрон таъкид кард.

Пас аз он, ки Туркия мувофиқати худро бо насби родорҳои ҳушдордиҳандаи НАТО дар хоки худ эълом кард, мақомҳои эронӣ ба он вокуниш нишон доданд. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ба қотеият дар ин маврид гуфт: «Ин сомона нигаронии ҷумҳурии исломии Эрон ва бисёре аз кишварҳои ҳамҷаворро ба вуҷуд овардааст. Мо эҷоди чунин сомонаро дар шароити феълӣ, ки минтақа шоҳиди таҳаввулот аст, зарурӣ намебинем.»

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон низ дар ин маврид гуфта буд, ки ҳадафи ин сомонаи ҳушдордиҳанда, муҳофизат аз Исроил дар муқобили ҳамлаҳои Эрон аст.

Маркази пажӯҳишҳои маҷлиси Эрон дар гузорише аз сомонаи мушакии НАТО ба унвони «таҳдиде ҷидди барои ҷумҳурии Исломии Эрон» ёд кард.

Паймони НАТО пас аз қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Либия, режими Муаммар Қаззофиро суқут дод ва ба амалиёти худ дар ин кишвар пас аз қатли Муаммар Қаззофӣ поён дод.
XS
SM
MD
LG