Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Комилов аз "сафари Миррих" бармегардад


Имрӯз дар Маскав озмоиши 520-рӯзаи “Миррих-500" анҷом меёбад. Шаш “миррихнавард” 17 моҳро дар шароити ҳамсон бо шароити парвози тулонӣ ба Миррих сипарӣ карданд.

Озмоиш дар “киштии кайҳонӣ” аз се марҳила иборат буд – 250 рӯзи аввал “миррихнавардон” гуё ки ба Миррих парвоз карданд. 30 рӯзи дигар онҳо, дар болои “Сайёраи сурх” “озмоишҳо” анҷом доданд ва 240 рӯзи боқимонда - роҳи бозгашт аз Миррих ба Заминро тай намуданд.

Дар ин озмоиш миёни шаш нафар Сӯҳроб Камолов, номзади илми тиб, ҷарроҳи дил ва корманди Маркази илмиву тиббии ба номи Бакулеви шаҳри Маскав низ ширкат дошт.

Сӯҳроб 38 сол дорад, ӯ зодаи шаҳри Душанбе аст ва соли 1989 мактаби миёнаи рақами 60-и пойтахтро хатм кардааст. Волидайни ӯ - табибони маъруфанд ва, ба навиштаи хабаргузориҳо, то солҳои 90-ум дар кӯчаи ба номи Ломоносови шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд. Айни ҳол Сӯҳроб Камолов ва волидайнаш дар шаҳри Маскав ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG