Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Куба қонуни моликияти хусусӣ пазируфта шуд


Ҳукумати Куба қонун дар бораи моликияти хусусиро пазируфт. Нашрияи ҳукуматии Granma хабар додааст, ки бар пояи ин қонун шаҳрвандони Куба метавонанд манзилу мошин ва дигар моликияти худро озодона хариду фурӯш кунанд.

Татбиқи қонун аз 10 ноябр шурӯъ мешавад. Гуфта мешавад, ки ин муҳимтарин ислоҳот дар таърихи 52-солаи Кубаи сотсиалистӣ аст.

Раисиҷумҳури Куба Раул Кастро талош дорад, ки иқтисоди аз замони шӯравӣ ба мерос мондаи кишварро бо тадриҷ нав кунад.

Гуcтариши бахши хусусӣ яке аз қисматҳои асосии барномаи ҳизби коммунисти Куба аст, ки моҳи апрел дар анҷумани шашуми ҳизб пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG