Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз ҳавои шаҳри Душанбе дубора абриву боронӣ мешавад, аз 9 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам борон меборад ва то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво нимабрист, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа боло хоҳад рафт.

Дар шаҳри Хоруғ ҳам ҳаво нимаабрист, борон меборад, рӯзона то 5 ва шомгоҳон 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор низ ҳавои абрӣ дар назар аст. Дар водии Рашт ҳарорати ҳаво то ду дараҷаи болои сифр қарор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG