Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Ҳомси Сурия бар асари аз сӯи нерӯҳои ҳукумати тирборон шудани тазоҳургарон дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора намояндагони Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, хабар доданд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дирӯз дар шаҳрҳои Ҳома ва Иғлиб ҳам баргузор шуданд.

Як рӯз аз ин пеш нахуствазири Қатар Ҳамад бин Ҷосим ал-Танӣ баъд аз нишасти Лига кишварҳои араб дар шаҳри Қоҳира изҳор намуд, ки Димишқ бо тарҳи ин созмон мувофиқат кард.Ба гуфтаи ӯ, бар пояи тарҳи пешниҳодкардаи Лигаи кишварҳои араб Димишқ нерӯҳояшро аз ҳама шаҳрҳо берун мекунад, ба афроди дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ боздоштшуда раҳоӣ мебахшад ва барои инъикоси ҳаводиси кишвар аз сӯи расонаҳои хориҷӣ монеъ намешавд.
XS
SM
MD
LG