Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Юнон аз раъйи худ гашт


Бино ба гузоришҳо, Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон, аз тасмими баргузории раъйпурсӣ дар мавриди барномаи наҷоти кишвараш аз бӯҳрони молӣ даст кашидааст. Дар як баёнияи расмии дафтари нахуствазири Юнон омадааст, Ҷорҷ Папандреу дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, "раъйпурсӣ ҳеҷ гоҳ ҳадафи ниҳоӣ набуд." Баъди тавофуқи Иттиҳодияи Аврупо барои 50 дар сад кам кардани қарзҳои Юнон ва ихтисоси кӯмаки 130 миллиард евро дар ивази ислоҳот, ҳафтаи гузашта Ҷорҷ Папандреу гуфт, ки ин барномаро ба раъйпурсӣ мегузорад. Эъломи ӯ сабаби талотум дар бозорҳои молии ҷаҳон шуд, зеро дар сурати напазируфтани барнома, Юнон метавонист варшикаста шавад.
XS
SM
MD
LG