Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони масҷиди Маскав соли 2015 такмил мешавад


Равил Ғайнуддин, муфтии Русия, гуфт, масҷиди марказии шаҳри Маскав то соли 2014-2015 барои намозгузорӣ омода хоҳад шуд. Ӯ дар мусоҳиба бо бахши тоториву бошқирдии Радиои Озодӣ гуфт, баъди такмили бинои асосии масҷид дар соли 2013, корҳо дар дохили иморат шурӯъ хоҳад шуд ва худи масҷид ҳадди аксар соли 2015 барои ибодат омода мешавад. Масҷиди марказии шаҳри Маскав дар кӯчаи Виползовий дар ҷойи масҷиди қадимӣ сохта мешавад, ки онро 11 сентябр хароб карданд. Масҷидро бо кӯмаки молии як тоҷири сарватманди тотор месозанд.
XS
SM
MD
LG