Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба гузоришҳои расида, дар ҷануби Қирғизистон ва дар шаҳри Бишкек баъзе аз афроде, ки аз натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд, ба тазоҳурот баромадаанд.

Онҳо лағви натиҷаҳои интихоботи Қирғизистонро тақозо кардаанд. Интихоботе, ки дар он Алмосбек Атамбоев баранда эълон шудааст.

Вале тибқи гузоришҳо, ин тазоҳуркунандагон пароканда шудаанд ва ба хонаҳояшон баргаштаанд. Ҳамкори мо Соҷидаи Мирзо бо Венера Сагиндик-қизи, таҳлилгари умури Қирғизистон дар Радиои Озодӣ, мусоҳибае анҷом дод ва нахуст аз ӯ хост, то дар бораи вазъ тавзеҳот диҳад.

Венера Сагиндик-қизӣ: "Аз ҷануб касе наомадааст. Имрӯз бештар аз 100 нафар ҷонибдорони Ташиев, сокинони Бишкек, даст ба эътироз заданд. Онҳо аслан аз ҷануби кишвар мебошанд ва дар Бишкек ба сар мебаранд. Онҳо ним соат дар назди бино истоданд ва баъд аз он ки бо онҳо намояндаи Кумиссюни марказии интихобот суҳбат кард, пароканда шуданд. Вале дар ҷануб вазъ чунин аст: Имрӯз тақрибан 300 нафар дар назди бинои ҳукумати вилояти Уш ва 500 нафар дар назди бинои ҳукумати вилояти Ҷалолобод гирдиҳам омаданд. Ҳамаи онҳо ҷонибдорони Қамчибек Ташиев - номзади мухолифон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мебошанд. Ташиев 15 дарсади ороро ба даст овард. Онҳо гуфтанд, ки натиҷаҳои расмии интихобот ва дастури Ташиев ва Адахон Мадумаровро аз Бишкек мунтазир мешаванд. Мадумаров ҳам номзади дигари мухолифон аст. Худи Ташиев ва Мадумаров мегӯянд, ки ба касе дастур надодаанд ё хоҳиш накардаанд, ки ба тазоҳурот бароянд. Онҳо мегӯянд, ки эътирозкунандагон одамон ё ҷонибдорони онҳо нестанд."

Дар акс: Мадумаров, Атамбоев ва Тошиев

Дар акс: Мадумаров, Атамбоев ва Тошиев


Озодӣ: Раҳбарии ин тазоҳуротро кӣ бар ӯҳда дорад?

Венера Сагиндик-қизӣ: "Метавон гуфт, ки онҳо аҳолии маҳаллӣ ҳастанд, ки 30 октябр дар рӯзи интихобот натавонистаанд дар раъйдиҳӣ ширкат кунанд. Барои он ки дар феҳристи раъйдиҳандагон иштибоҳ шудааст. Тибқи қонуни нави интихоботи Қирғизистон ҳар шаҳрванди ин кишвар даҳ рӯз пеш аз интихобот бояд ба қитъаи интихоботии худ равад ва сабти ном кунад. Баъзе аз одамон ин моддаи қонунро нафаҳмидаанд, бо вуҷуди он ки ҳар рӯз аз тариқи телевизион 10-15 бор эълон мекарданд. Ба ин сабаб, баъзеҳо аз раъйдиҳӣ маҳрум монданд. Кумиссиюни марказии интихобот намедонад, ки шумораи ин одамон чӣ қадар аст. Онҳо мегӯянд, ки садҳо нафар натавонистаанд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат кунанд. Номзадҳои интихоботӣ дар бораи ҳазорон нафар суҳбат мекунанд."

Озодӣ: Венера, имрӯз ақидаҳои гуногун ба гӯш мерасад. То чӣ андоза шакку шубҳаи ононе, ки дар бораи имкони нооромиҳо суҳбат мекарданд дуруст аст? Онҳо мегуфтанд, ки ба зудӣ хатари нооромиҳо аз байн намеравад, мисли ин ки соли гузашта буд. Оё хатари воқеӣ вуҷуд дорад?

Венера Сагиндик-қизӣ: "Ба назари ман, беназмиҳое, ки моҳҳои апрел ё июни соли гузашта рух дод, дигар такрор намешавад. Тавре, ки хабарнигорони мо аз Уш ва Ҷалолобод гузориш медиҳанд, тазоҳуроти эътирозӣ дар назди биноҳои ҳукуматӣ дар ин ду вилоят ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Агар онҳо аз чизе норозӣ бошанд, мебароянд ва эътироз мекунанд. Касе онҳоро боздошт намекунад, ба муҷозот намекашад. Онҳо ба ҳамин тартиб мавзеъгирии худро рӯшан мекунанд. Бисёре аз раҳгузарон аз онҳо даъват мекунанд, ки пароканда шаванд ва ба хонаҳояшон раванд, барои он ки онҳо аз тазоҳуроту эътироз хаста шудаанд."


Озодӣ: Маъмулан дар чунин вазъ нерқҳое ҳам пайдо мешаванд, ки бо истифода аз фурсат мехоҳанд, ки мардумро ба хиёбонҳо даъват кунанд, то вазъ ноором шавад. Ҳамин гуна нерӯҳо ҳастанд?

Венера Сагиндик-қизӣ: "Албатта, дар дохил ва дар хориҷ аз кишвар чунин нерӯҳо зиёданд, ки мехоҳанд вазъро дар Қирғизистон ба ҳам бизананд. Қирғизистон ба кишвари таҷрибаҳои сиёсиву иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Гуфтан мушкил аст, ки то чӣ андоза ҳукумат тавони назорат бар вазъ дар кишварро дорад."

Озодӣ: Ба мо маълум аст, ки Алмосбек Атамбоев-барандаи интихобот талош дорад, ки бо номзадҳои дигари маъруф ва норозӣ аз натиҷаҳои интихобот музокира кунад. Шумо бовар доред, ки Атамбоев ҳукуматро бо онҳо тақсим кунад, масалан бо Ташиев ва Мадумаров?

Венера Сагиндик-қизӣ: "Атамбоев ва ҷонибдоронаш эълон карданд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад бо онҳо дар бораи ҳукумат ба “тиҷорат” нишинад, барои он ки Атамбоев 63 дарсад раъй гирифтааст. Вале рақибон 15 дарсадӣ гирифтаанд. Ташиев намояндаи порлумон аст. Мадумаров гуфт, ки намехоҳад барои вазифае ё коре “тиҷорат” кунад. Сухан дар бораи эътироф кардан ё накардани натиҷаҳои интихобот дар миён аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG