Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия 9 нафари дигарро куштаанд


Мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, алорағми аҳди худ барои поён додан ба хушунат, нерӯҳои ҳукуматии Русия имрӯз 9 нафарро куштанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Ландан қароргоҳ дорад, аз қавли шоҳидони айнӣ навиштааст, он нӯҳ нафар дар вилояти ноороми Ҳумс ба ҳалокат расиданд, ки як маҳалли аслии тазоҳуроти зиддидавлатӣ аст. Сурия рӯзе пеш ба барномаи пешниҳодии Иттиҳодияи Араб мувофиқат кард, ки бар асоси он бояд ба хушунат хотима дода, нерӯҳояшро аз хиёбонҳо берун кашад ва ба гуфтӯгу бо мухолифон пардозад. Ба гуфтаи Созмони Милал, аз моҳи марти соли равон аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, дар ҷараёни саркӯби ин тазоҳурот бештар аз 3000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG