Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси миллатгароёни рус сари интихоби шиор


Миллатгароёни рус, ки рӯзи ҷумъа дар шаҳрҳои ин кишвар раҳпаймоӣ хоҳанд кард, сари интихоби шиори рӯз ихтилофи назар доранд. Як гурӯҳи миллатгароён мехоҳанд, то шиори рӯз, “Нон додан ба Қафқоз кофист” ва гурӯҳи дигар шиори “Русия бе Қафқоз Русия нест”-ро интихоб кардаанд. Владимир Тор яке аз пешвоёни миллатгароён ба бахши русии Радиои Озодӣ, гуфт, бо сармоягузории зиёд ба даст овардани нуфуз дар Қафқоз кори дуруст нест ва бояд ба ин кор хотима дода шавад. Аммо ду пешвои дигари миллатгароён Виктор Шведов ва Юрий Горский гуфтаанд, дур кардани қафқозиҳо таҳдиде ба тамомияти арзии Русия хоҳад буд. Русия дар солҳои ахир шоҳиди авҷ гирифтани миллатгароӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG