Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Эрон аз ҳаргуна ҳамлаи Исроил


Бино ба гузоришҳо, фармондеҳи артиши Эрон гуфтааст, Исроил аз ҳаргуна ҳамла болои Эрон пушаймон хоҳад шуд ва посухи маҳкаме хоҳад гирифт. Ба гуфтаи хабаргузориҳои “ИСНА” ва “Форс”-и Эрон, генерал Ҳасан Фирӯзободӣ, ин суханонро дар посух ба ин гузоришҳо гуфтааст, ки гӯё раҳбарони Исроил дар андешаи ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон ҳастанд. Ҳасан Фирӯзободӣ ин суханонро дақиқан дар рӯзе гуфт, ки Исроил мушакеро озмоиш кард, ки бар асоси гузоришҳо метавонад, Эронро ҳадаф қарор бидиҳад. Вале айни замон Авигдор Либерман, вазири умури хориҷии Исроил гуфтааст, 99 дар сади баҳсҳо доир ба эҳтимоли ҳамлаи Исроил “ба воқеият иртибот надоранд”.
XS
SM
MD
LG