Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Русия барои баргардонидани "тоҷири марг"


Давлати Русия имрӯз гуфт, талош хоҳад кард, то Виктор Бутро, ки дар додгоҳи Ню Йорк ба қочоқи силоҳ муттаҳам дониста шуд ба Русия баргардонад. Александр Лукашевич, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия, гуфт, кишвараш бо идомаи пайгирии сарнавишти Виктор Бут дар Амрико барои баргардонидани ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳад кард. Виктор Бут, афсари собиқи рус аст ва ӯро барои қочоқи силоҳ ба кишварҳои мухталиф “тоҷири марг” меноманд. Додгоҳи Ню Йорк дирӯз ӯро ба талош барои қочоқи силоҳ ба тундравони Колумбия муттаҳам донист.
XS
SM
MD
LG