Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали варзишгарони тоҷик дар Македония


Сабина Тағойназарова
Сабина Тағойназарова

Варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии кикбоксинг дар Македония чаҳор медал ба даст оварданд.

Парвизи Муродзода дар рақобатҳо дар бахши Kick-Light дар вазни то 69 кг мақоми дуввумро касб кард ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Некрӯз Алибеков дар бахши Light-Contact дар вазни то 57 кг ва Бахтиёр Турсунов дар бахши Kick-Light дар вазни то 79 кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Инчунин дар сабқати занон Сабина Тағойназарова дар бахши Light-Contact дар вазни то 50 кг медали биринҷӣ гирифт.

Дар сабқати ҷаҳонии кикбоксинг беш аз 800 варзишгар аз 54 кишвар ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG