Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Юнон дар вартаи парокандагӣ


Масъалаи раъйпурсӣ дар мавриди барномаи наҷоти молии Юнон, имрӯз ҳукумати ин кишварро ба вартаи парокандагӣ кашид. Евангелос Венизелос- вазири молияи Юнон, гуфт, мухолифи ба раъйпурсӣ гузоштани барномаи наҷоти молӣ аст, ки нахуствазир Ҷорҷ Папандреу эълом кардааст. Дар сурати қабул нашудани ин барнома аз тарафи мардум, Юнон метавонад варшикаста шавад. Бино ба гузоришҳо, зоҳиран ҳукумати Юнон, рӯзи ҷумъа дар порлумон раъйи эътимод нахоҳад гирифт, зеро баъзе аз вакилони аз Ҳизби Сотсиалистии ҳоким бар Юнон гуфтаанд, ки аз ҳукумат ҳимоят нахоҳанд кард. Раҳбарони Фаронсаву Олмон дирӯз ба Ҷорҷ Папандреу гуфтанд, то замоне, ки масъалаи будану набудани кишвар дар ҳавзаи евроро рӯшан накунад, аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ нахоҳад гирифт. Жан Клод Янке, нахуствазири Люксембург ва раҳбари ҳавзаи евро имрӯз гуфт, набояд барои нигаҳ доштани Юнон дар ин ҳавза “ҳар қимматро пардохт кард”.
XS
SM
MD
LG