Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси порлумони Арманистон истеъфо дод


Ҳовик Иброҳимиён, раиси порлумони Арманистон, аз мақомаш истеъфо додааст. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе баъди эъломи истефои худ гуфт, ин тасмимро ба хотири омодагӣ ба интихоботи ояндаи порлумонӣ дар соли 2012 гирифт. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, Ҳовик Иброҳимиён, масъулияти раҳбарии корзори интихоботии Ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳони Арманистон дар соли ояндаро бар ӯҳда гирифтааст. Ҳовик Иброҳимиён, сару садоҳо доир ба ангезаҳои сиёсиву хусусӣ доштани истеъфои худро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG