Пайвандҳои дастрасӣ

Дуня Миятович ба мақомоти Тоҷикистон чӣ хоҳад гуфт?


Дунё Миятович, масъули Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури матбуот, имрӯз вориди Тоҷикистон шуд, то бо мақомоти расмӣ мушкилоти хабарнигорон ва рӯзномаҳои мустақилро дар миён гузорад. Қарор аст, ӯ бо вакилони порлумон, мақомоти вазорати умури хориҷӣ ва дигар мақомоти баландпоя дидору гуфтӯгу кунад. Дунё Миятович қаблан аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, аз таъқиби хабарнигорон даст бардорад. Дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир чандин хабарнигор ва ҳафтаномаҳои мустақилро иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд. Аз ҷумла Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би Би Сӣ-ро ба зиндон маҳкум ва сипас афв карданд ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ”-ро ҷаримаи бузурге бастанд.
XS
SM
MD
LG