Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Фаронсаву Олмон ба Юнони дармонда


Раҳбарони Фаронса ва Олмон гуфтанд, Юнон то замоне, ки ояндаи худ дар ҳавзаи евроро мушаххас накунад, аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ нахоҳад гирифт. Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар ин бора баъди мулоқоташон бо Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон сухан гуфтанд. Тасмими Юнон барои баргузории раъйпурсӣ дар мавриди қабули барномаи наҷоти молӣ, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро ба хашм овард. Ангела Меркел гуфт, ба эътидол овардани вазъи евро муҳимтар аз наҷоти Юнон аз бӯҳрони молӣ аст. Николя Саркозӣ гуфт, дар раъйпурсии Юнон бояд ин суол матраҳ шавад, ки оё ин кишвар мехоҳад дар ҳавзаи евро бимонад ва ё онро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG