Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун умедвори иҷрои созиши нав дар Сурия


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, умедвор аст, барномаи нав барои хотима додан ба хушунатҳо дар Сурия ҳарчӣ зудтар амалӣ хоҳад шуд. Бино ба гузоришҳо, Сурия ин барномаи пешниҳодии Иттиҳодияи Арабро пазируфтааст, ки бар асоси он бояд, зиндониёнро озод кунад, нерӯҳои амниятиашро аз хиёбонҳо берун кашида ва бо намояндагони мухолифин ба гуфтӯгу пардозад. Ба гуфтаи Созмони Милал, аз моҳи марти соли равон аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, дар ҷараёни саркӯби ин тазоҳурот бештар аз 3000 нафар кушта шудаанд. Дар вокуниш ба барномаи нав, давлати Амрико дигарбора аз Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хост,истеъфо диҳад, зеро машрӯъияташро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG