Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони Гурӯҳи 20 дар Канн шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Канни Фаронса раҳбарони 20 кишвари пешрафта ва дар ҳоли нумӯъи ҷаҳон гирди ҳам меоянд. Қарор аст, дар ин нишасти дурӯза бӯҳрони қарзии Аврупо ва Юнон мавзӯъи аслӣ бошад. Интизор меравад, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз тасмими Юнон ибрози нигаронӣ кунад, ки бо эъломи раъйпурсӣ барои қабули барномаи наҷоти молиаш бо арзиши 150 миллиард евро, метавонад, талошҳои Иттиҳодияи Аврупо барои ҷилавгирӣ аз густариши бӯҳрони қарзиро бенатиҷа кунад. Барак Обама дар ҳошияи ин нишаст бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса дидор хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG