Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои ғайридавлатӣ: "Марги Баҳромиддин таҳқиқ шавад!"


Баҳромиддин Шодиев

Баҳромиддин Шодиев

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар тақозо кардаанд, ки қазияи марги Баҳромиддин Шодиевро таҳқиқ бикунад.

Баҳромиддин Шодиев, як сокини 28-солаи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми октябри соли ҷорӣ бо иттиҳоми дуздӣ аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда, танҳо пас аз як рӯз дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфтааст.

Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин мегӯяд, агарчӣ фарзанди ӯ пас аз ҷарроҳӣ ба худ омад, вале баъди даҳ рӯзи дар бемористон буданаш даргузаштааст. Хонаводаи Баҳромиддин дар марги фарзанди худ маъмурони пулисро муқассир медонанд.

Ба қавли Ниёзбибӣ Бӯриева, баъди он ки Баҳромиддин ба ҳуш омад, гуфтааст, ӯро дар Идораи пулис мавриди лату кӯб қарор додаанд ва ӯ маҷбур шудааст, гуноҳеро бар дӯш бигирад, ки содир накардааст. Вай афзудааст, ҳангоми шиканҷа ҳатто даҳони ӯро бо скоч низ печонида буданд, то садояшро касе нашунавад.

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа дар изҳороти рӯзи панҷшанбеи худ гуфтаанд, марги Баҳромиддин Шодиев, ки ба қавли пайвандонаш дар пайи шиканҷаи маъмурони пулис иттифоқ уфтодааст, ба обрӯи Тоҷикистон латма дар сатҳи байнулмилалӣ хоҳад зад.


Дар зери ин изҳорот созмонҳои “Ампаро”, “Авесто”, Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон “Сипар”, Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, Маркази мустақили ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва дигар созмонҳо имзо гузоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки ин қазияро мавриди баррасӣ қарор додааст. Вале ин мақомот ду рӯзи пеш гуфта буданд, ки Баҳромиддин Шодиев худро аз ошёнаи дуввуми шӯъбаи пулиси ноҳияи Шоҳмансур ба зер афканда ва захмӣ шудааст.

Ин дуввумин ҳодисаи марги афрод дар пайи боздошташон аз сӯи маъмурони пулис дар Душанбе аст. Қабл аз ин, наздикони Сафаралӣ Сангов, як сокини шаҳри Душанбе, даъво карда буданд, ки ӯ низ дар натиҷаи зарбу шатми кормандони пулиси ноҳияи Сино фавтидааст. Ҳоло баҳси додгоҳии хонаводаи Сафаралӣ Сангов бо маъмурони пулиси ноҳияи Сино идома дорад.

​Бо ин вуҷуд, ҳангоми муаррифии гузориши ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар рӯзи севуми октябр, Шерхон Салимзода гуфт, ки дар тӯли соли 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG